Субҳи имрӯз, 8-уми феврал, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ширкат дар ҷашни Сада, таъсиси боғу токзори нав, ифтитоҳи чанд иншооти соҳаҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони касбу кори гуногун ба вилояти Суғд рафт.

Маркази матбуоти президент хабар медиҳад, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз шаҳри Бӯстон оғоз гардид. Дар ин шаҳри саноатӣ корхонаи истеҳсоли мехҳои печони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бародарон Акрамовҳо бо харҷи 15,3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 40 намуд мехи печон бо шаклу андозаҳои гуногун, ки имрӯзҳо дар бозори дохилӣ талабот ба он бештар аст, истеҳсол карда мешавад.  Дар корхона давоми як моҳ 300 тонна ва дар як сол 3600 тонна мехи печон истеҳсол карда мешавад. Дар “Нуртез” 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин шуда, дар оянда бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ боз 50 нафари дигар соҳиби шуғли доимӣ мегарданд. Яъне шумораи коргарон дар ин корхонаи саноатии шаҳри Бӯстон ба 100 нафар расонида мешавад.

Сипас, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷир пласт” ифтитоҳ шуд. Дар “Тоҷир пласт”  25 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

“Тоҷир пласт” истеҳсоли зарфҳои полиэтиленӣ аз 100 литр то 5 тоннаро ба роҳ мондааст. Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ дар як моҳ ба 400 адад зарфи гуногунҳаҷми босифат баробар аст. Дар корхона беш аз 30 намуд зарфи полиэтилении ҳаҷму андозаҳои гуногун истеҳсол шуда, дар як моҳ аз 8 то 10 тонна ашёи хом коркард карда мешавад.

Дар идома, корхонаи заргарии «Зари Суғд» баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Коргоҳ зертобеи Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” буда, солиёни зиёд кӯҳнаву фарсуда ва бекор буд. Пас аз эълони иқдоми саноатикунонии босуръат корхона пурра навсозӣ гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти аълосифат бо дастгоҳҳои насли нави корӣ таъмин карда шуд.

Корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои оҳанини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷофар» низ дар ҳамин рӯз мавриди истифода қарор дода шуд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Амирҷон Самадов дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар масоҳати 2 гектар бунёд карда шудааст. Бинои истеҳсолии корхона барҳаво буда, 4 ҳазору 300 метри мураббаъро дар бар мегирад. Бо таъсиси ин корхона дар шаҳри Бӯстон 20 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь