Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи аршади Толибон, ки дар солҳои гузашта танҳо аз тариқи паёмҳои телефонӣ ва шабакаи Твиттер бо расонаҳо дар алоқа буд, шоми дирӯз барои аввалин бор дар нишасти хабарие дар Кобул пешорӯи хабарнигорон қарор гирифт ва ба пурсишҳои рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ посух гуфт.
Сухангӯи Толибон вурудро ба Кобул ба фирори Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури пешин ва бе раҳбар мондани кишвар, рабт дод. Ӯ гуфт, “тасмим доштем, пас аз ҳалли мушкилиҳои сиёсӣ вориди Кобул шавем, аммо Ҳукумати қаблӣ бекифоятӣ карда, мардуму кишварро раҳо сохт, ки баъзе ошӯбгарон аз ин ҳол суистифода карданд ва мо маҷбур шудем, то нерӯҳоямонро ба шаҳр ворид кунем”.
Муҷоҳид ҷанги беш аз 40-солаи Афғонистонро танҳо “барои сохтани ҳукумати исломӣ” гуфт ва онро дур аз ғасби қудрат хонд. Ҳоло ӯ аз ташкили як ҳукумати қавӣ ва қобили қабул иттилоъ дод.
– Бо доктор-соҳиб Абдуллоҳ ба тамос будем ва ҳастем. Намехоҳем ҳеҷ раҳбаре, ки ба мардум хидмат кардааст ва дар миёни мардум ҷой дорад, аз низом берун бимонад, – афзуд ӯ.
Сухангӯи Толибон баъд аз ибрози авфи умумии ин гурӯҳ ба суоли “шумо мардумро афв кардед, оё мардум ҳам шуморо афв кардаанд, посухи бевазанон ва ятимонро чӣ касе хоҳад дод?”, гуфт, “осеб дидан аз ҷанг аст ва шикаст додани душман бидуни садама мумкин набуд”.
Вай афзуд: “Афроди мо ҳам худро мунфаҷир карданд”. Ӯ ин ҳолро шарҳ надод, вале гуфт, гурӯҳаш нисбат ба 20 соли қабл тағйири мусбат кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, Толибон дигар намехоҳанд душмани дохилӣ ё хориҷие дошта бошанд. Ба ҳамаи расонаҳо итминони озод буданро дод, ки бо принсипи бетарафӣ фаъолият бурда метавонанд, танҳо “иҷоза надоранд, алайҳи арзишҳо нашр дошта бошанд”.
Дар конфронси хабарӣ масъалаи ҳуқуқи занон дар ҳукумати Толибон чанд суоли хабарнигоронро дар пай дошт, ки Муҷоҳид таъмини кор ва таҳсили занонро “бо чаҳорчӯбаи ислом” ваъда дод ва худро мутааҳҳид ба риояти ҳуқуқи занон ва манъи табъиз алайҳи онон зикр кард. Ӯ гуфт, “дар қонуни омодамешуда ин ҳама ҷо хоҳанд дошт”.
Муҷоҳид мамолики оламро ба ҳамкориҳои дипломатӣ даъват кард. Ӯ гуфт, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳанд, ки бо онон таомулоти сиёсӣ ва дипломатӣ дошта бошанд. «Мо усули исломӣ ва қавонини исломии худро хоҳем дошт ва ин ҳаққи мост, ҳамон тур, ки онҳо зиндагии худро доранд”, – афзуд ӯ.
Ҳамзамон аз вазъи низомии ҳоли ҳозири кишвар гуфт ва дар бораи имкони табдили Афғонистон ба пойгоҳи ҳамалоти террористони фаромарзӣ таъкид кард, ки ин кишвар иҷоза нахоҳад дод, то аз хокаш барои ҳамла ба дигар кишварҳо истифода шавад.
Меҳрофарин Наҷибӣ