Раиси ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ бо гумони гирифтани пора боздошт шудааст. Ин мансабдор барои ҷудо кардани 5 садяк замини наздиҳавлигӣ аз як сокини ноҳия 35 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Боздошти Толибов Усмон Тошевич, ҳамакнун раиси собиқи ҷамоати шаҳраки Панҷ дар ноҳияи Панҷ , рӯзи 1-уми май, аз ҷониби Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон сурат гирифтааст.

Мувофиқи маълумоти як манбаъ аз ин ниҳод, нисбат ба ҳодиса бо моддаи 319 қисми 3 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. “Гумонбаршуда Толибов Усмон Тошевич дар пайи амалиёт аз ҷониби кормандони Агентӣ, ҳангоми гирифтани 10 ҳазор сомонии боқимонда, дастгир карда шуд”.

Боздоштшуда Толибов Усмон мутаввалиди соли 1971 буда, то як соли охири кор дар вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки Панҷ, ба ҳайси сардори Идораи хоҷагии об ва роҳбари идораи хоҷагӣ-коммуналӣ дар ноҳияи мазкур фаъолият доштааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь