Бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-уми сентябр, соати 15:00, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишии аспдавонӣ баргузор мегардад.
Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи «Пойга ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 28–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ба он беҳтарин аспсаворон аз корхонаҳои асппарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷалб мешаванд.
Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории мусобиқа ташвиқу тарғиб, рушду равнақи ин навъи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ мутобиқ ба моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» мебошад.