Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон (Каритас Олмон) бо маблағгузории Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) ташаббуси Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистонро ҷиҳати баргузории пойгаи фарогир ба масофаи 30 км дастгирӣ намуд. Дар чорабинӣ 30 варзишгар (давандаҳо, дучархасаворон ва истифодабарандагони аробачаи маъюбӣ)-и дорои маъюбият ва бемаъюбият аз клубҳои варзишии гуногуни кишвар ширкат варзиданд. Пойгаи фарогир зери унвони “Ҳаргиз таслим нашав!” аз маркази ноҳияи Файзобод (воқеъ дар 50 км шарқи Душанбе) оғоз гардида, барои расидан ба хати марра дар шаҳри Ваҳдат се соат вақтро дар бар гирифт. Муовини раис ва дигар ашхоси расмии ноҳияи Файзобод варзишгаронро гарму самимӣ истиқбол намуда, ба онҳо пойгаи муваффақро орзу карданд. Ҷиҳати таъмини амният ва бехатарӣ дар тӯли тамоми пойга, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Ёрии таъҷилиро барои ҳамроҳӣ кардани варзишгарон то ба хати марра сафарбар намуда, дар нуқтаҳои таъиншудаи канори шоҳроҳ шишаҳои об гузоштанд. Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон ва Каритас Олмон варзишгаронро бо ифтихорнома ва ҷоизапулӣ ба маблағи 300 сомонӣ сарфароз гардониданд.  

Ин пойгаи фарогир, ки бори нахуст доир гардид, рақобат ва/ё мубориза барои ҷойҳои ифтихорӣ набуд. Мақсади асосии чорабинӣ гузоштани қадамҳои устувор дар роҳи бунёди ҷомеаи фарогир ва фароҳам овардани имконият ба ҳар як шахс барои нишон додани қобилиятҳои худ ба ҳайси инсони баробарҳуқуқ, дастгирии ҳамдигар ва талошҳои муштарак барои расидан ба ҳадафҳои худ ва инчунин пешбурди тарзи ҳаёти солим буд. Умед аст, ки ташкили чунин чорабиниҳо ба тезонидани раванди тасвиби Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи маъюбон дар кишвар мусоидат мекунад. Ёдовар мешавем, ки ин санади хеле муҳим, ки ба ҳифзи ҳуқуқ ва шаъну шарафи шахсони дорои маъюбият нигаронида шудааст, 22 марти соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст.

Дар доираи барномаи пойгаи фарогир, як рӯз қабл аз чорабинӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун саёҳат ба мавзеи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ташкил кард, ки варзишгарони дорои маъюбят аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ таассуроти амиқ гирифтанд.

Пойгаи фарогир бори дигар нишон дод, ки варзиш метавонад барои коҳиш додани доғгузорӣ ва табъизи марбут ба маъюбият кумак расонад, зеро ин метавонад муносибатҳои ҷомеаро нисбати шахсони дорои маъюбият тавассути нишон додани малакаҳои онҳо ва коҳиш додани тамоюли дидани маъюбият ба ҷои шахсият тағйир диҳад.

Каритас Олмон аз моҳи декабри соли 2007 ин ҷониб бо маблағгузории худ ва дастгирии молиявии BMZ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳоеро амалӣ мекунад, ки ҳадафи онҳо дастгирии гурӯҳҳои осебпазиртарини аҳолӣ, алалхусус шахсони дорои маъюбият тавассути пешниҳоди хизматрасониҳои тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, коҳиши хатари офатҳо бо фарогирии манфиатҳои шахсони дорои маъюбият ва татбиқи фаъолиятҳои ба даст овардани даромад мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь