Чоршанбе Аловатови 22-сола аз Тоҷикистон дар бузургтарин намоиши истеъдодҳои «Central Asia’s Got Talent» ғолиб омад.

Дар финал 12 иштирокчӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон барои соҳиб шудан ба унвони соҳибистеъдодтарин мубориза бурданд, ки гран-прӣ насиби Чоршанба Аловатов шуд. Вай, инчунин, ҳамчун ҷоизаи асосӣ 10 000 000 тангаи қазоқӣ (25,5 ҳазор доллар) дарёфт кард.

Дирӯз дар финал дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон, ӯ бо овози худ доваронро ба ҳайрат овард. Чоршанбе аз ҳама бештар овоз гирифт.

Қаблан, дар озмун Чоршанбе Аловатов суруди «Акрамҷон»-и овозхони маъруфи тоҷик Муборакшо Мирзошоевро бозхонӣ кард.

The Got Talent Central Asia шабеҳи намоиши истеъдодҳои «Britain’s Got Talent» мебошад. Чунин барномаҳои шабеҳ дар зиёда аз 70 кишвар ба навор гирифта мешаванд.

https://youtu.be/xV7aTTn0ad4

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь