Куриёи Шимолӣ ҳудуди 10 ҳазор сарбозашро бо нияти ширкат дар ҷанг алайҳи Укроин ба Русия фиристод. Дар ин бора муовини котиби матбуотии Пентагон Сабрина Сингҳ изҳорот дод, хабар медиҳад Ассошиэйтед Пресс.

Сингҳ қайд кард, ки иддае аз сарбозони Куриёи Шимолӣ айни ҳол ба Укроин наздик шудаанд ва гумон меравад, ки ба минтақаи марзии Курск фиристода шаванд.

“Мо бештар нигарон ҳастем, ки Федератсияи Русия ният дорад, ин сарбозонро дар ҷанг ё дастгирии амалиёти ҷангӣ алайҳи нерӯҳои Укроин дар вилояти Курски Русия истифода кунад”, гуфт ӯ.

Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки Ллойд Остин, раиси Пентагон, ошкоро ҳушдор дода буд,  агар Русия сарбозони Куриёи Шимолиро дар амалиёти ҷангӣ алайҳи Укроин ҷалб кунад, онҳо ширкаткунандагони даргирӣ ва ҳадафҳои қонунии низомӣ ҳисобида мешаванд.

“Агар мо бубинем, ки нерӯҳои Куриёи Шимолӣ ба сӯи хатти ҷабҳа ҳаракат мекунанд, ин маънои онро дорад, ки онҳо шарики ҷанг ҳастанд”, гуфт Сингҳ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь