Зимни сафарии кории худ Президенти Ӌумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бинои сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, “Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ”, корхонаи бомпӯшҳои тунукагӣ ва сардхона дар шаҳри Бохтар ва корхонаи истеҳсоли гугирд дар шаҳри Бохтар ба истифода доданд.

8 ноябр Президенти Ӌумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои маъмурии сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд. Бинои маъмурии сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар масоҳати умумии 834,5 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 4 ошёна, 24 ҳуҷраи корӣ, таҳҳона, китобхона, маҷлисгоҳ барои 60 нафар ва маркази коркарди маълумот иборат мебошад.
Дар шаҳри Бохтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Шароити муҳайёгардида дар маркази мазкур имконият медиҳад, ки таълим дар ду баст барои то 240 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 2400 нафар бо касбомӯзӣ ва хизматрасониҳои пешниҳоднамудаи Марказ фаро гирифта шаванд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ аз синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 30 компютер, толори таҷрибаомӯзӣ, толори бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, корӣ барои маъмурият, 3 устохонаи таълимӣ, китобхона барои шахсони имконияташон маҳдуд, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла устои барқ, кафшергар, андовагар, челонгар-сантехник ва устои панелҳои офтобӣ, ҳамчунин аз худ кардани забонҳои кореягӣ, англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин дар бино устохонаҳои кафшергарӣ, андовагарӣ ва нигаҳдории таҷҳизоти барқӣ ҷойгир карда шудааст. Ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар-шифер” корхонаи истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагӣ ва сардхонаро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар дар масоҳати 3000 метри мураббаъ бо харҷи 5,4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҳабибулло Муқимов дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва солҳои рушди саноат бунёд гардидааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона наздики 30 намуд маҳсулоти гуногуни металлӣ барои бинокорӣ истеҳсол шуда, иқтидори он дар як моҳ беш аз 3000 метри тӯлонӣ бомпӯшҳои тунукагӣ мебошад.
Фаъолияти корхонаи мазкур дар 2 баст ба роҳ монда шуда, дар он беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Бо мақсади хизматрасонии беҳтар дар самти беталаф нигоҳ доштани маҳсулот ва дар ҳама фаслҳои сол ба мардум пешниҳод кардани маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар назди кохонаи мазкур сардхонаи замонавӣ бунёд гардидааст, ки ғунҷоиши он 600 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар идомаи сафари кории худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Корхонаи истеҳсоли гугирди ҶДММ “Расули Валӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин корхонаи истеҳсолӣ дар минтақаи саноатӣ-истеҳсолии шаҳри Бохтар дар масоҳати умумии 10 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Хатти технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Олмон ворид ва насб гардида, барои истеҳсоли маҳсулот ашёи хом қисман аз хориҷ ворид мегардад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 300 ва дар як сол 100-ҳазор қутии шартӣ пешбинӣ шудааст.
Дар корхона 40 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардидаанд, ки аксари коргарону мутахассисонро занон ташкил медиҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь