Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода  гуфтааст, 2-юми апрел ширкати ҳавопаймоии «UTair», мансуб ба кишвари Русия, дар хатсайри Маскав-Душанбе-Маскав парвоз анҷом медиҳад. Рӯзи сешанбе, 6 апрел, ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Somonair» дар хатсайри Душанбе-Маскав –Душанбе парвоз ба роҳ мемонад.

Русия баъд аз Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Афғониситон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон шашумин кишварест, ки парвозҳои мунтазами ҳавоиро бо Тоҷикистон барқарор кард. Парвозҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Русия бо далели хуруҷи COVID-19 аз 20 марти соли 2020 мувақатан қатъ гардида буданд.

Тибқи қарори қабулнамудаи мақомоти дахлдори Федератсияи Русия, ба парвозҳои мунтазам байни Русия ва Тоҷикистон дар хатсайри Маскав-Душанбе-Маскав дар як ҳафта як парвоз аз ҳарду ҷониб иҷозат дода шудааст. Аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост шудааст, ки ба болоравии беасоси нархи чиптаи ҳавопаймо роҳ надиҳанд ва нархи чиптаро, ки дар доираи арзиши аслӣ 500 доллар барои рафту омад ва 250 доллар барои як тараф муайян гардидааст, ба танзим дароранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь