Бино ба иттилои дафтари матбуоти Ширкати ҳавонавардии “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” парвозҳои хатсайри Тошканд-Душанбе ва Душанбе-Тошканд барқарор гардиданд. Мусофирон метавонанд ҳар рӯзи чоршанбе аз тариқи нақлиёти ҳавоӣ худро аз Тошканд ба Душанбе ва аз Душанбе ба Тошканд расонанд.

Гуфта мешавад, ки ин парвозҳо ба таври доимӣ сурат хоҳанд гирифт ва мусофирон метавонанд дар тӯли як соат худро ба манзили дигар расонанд.

Ҷадвали хати парвозҳо чунин аст:

Аз Тошканд ба Душанбе – соати 08-00, вақти фурудоӣ-соати 09-00;

Аз Душанбе ба Тошканд – соати 11-00 ва вақти фуруди он соати 12-00.

Мувофиқи эълони дафтари матбуоти Ширкати ҳавонавардии “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” мусофирон метавонанд билетҳоро аз кассаҳои дилхоҳашон ва ё тавассути сомона харидорӣ кунанд.

Дафтари матбуоти шаркати мазкур дар бораи нархи билетҳо ба ду самти хати парвоз маълумот иръа накардааст.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь