Вакилони порлумон аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ) дар Гаага даъват карданд, ки имкони судури амр барои боздошти Александр Лукашенкоро баррасӣ кунад. Дар ин бора дар гузорише, ки Кумитаи корҳои хориҷии Парлумони Аврупо қабул кардааст, гуфта мешавад.

Дар он гуфта мешавад, ки Беларус барои хисороти ворида ба Украина ва ҷиноятҳои содиршуда дар қаламрави он масъул аст. Вакилони парлумон ҳамчунин ба нақши режими Лукашенко дар ихроҷи ғайриқонунии кӯдакони украинӣ ишора карданд. Дар ин робита, дар гузориш аз ниҳодҳои Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои узв даъват шудааст, ки дар сатҳи байналмилалӣ иқдом кунанд, то раҳбарони сиёсӣ ва низомии Беларус, ки дар ҷиноятҳои зидди башарият ва наслкушӣ масъуланд, таъқиб шаванд.

“Азбаски Додгоҳи байналмилалии љиноӣ ҳукми боздошти президенти Русия Владимир Путин ва ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия Мария Лвова-Беловаро содир кардааст, вакилони порлумони Аврупо аз ДБҶ даъват карданд, ки масъалаи додани ҳукми боздошти мушобеҳ барои ҳабси Александр Лукашенкоро баррасӣ кунад”, – хабар додааст маркази матбуоти Парлумони Аврупо.

Вакилони порлумон ҳамчунин “саркӯбҳои пайваста ва нақзи муназзами ҳуқуқи башарро, ки режими Лукашенко алайҳи мардуми худ пайваста анҷом медиҳад” маҳкум карданд. Онҳо аз мақомот даъват мекунанд, ки ҳудуди 1500 маҳбуси сиёсӣ, аз ҷумла вакилони дифоъ, фаъолони иттифоқҳои касаба, рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башарро аз зиндон раҳо кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь