Ҳамаи 63 вакили палатаи поёнии парламенти Тоҷикистон 17-уми ноябр ба Хуҷанд мераванд. Шоми ин рӯз дар Қасри Арбоб ҷаласаи бошукӯҳ ва консерти устодони санъат бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии кишвар, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон сардори давлат эълон шуда буд, баргузор мегардад.
АИ “АП” менависад, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16-уми ноябр ба маркази маъмурии вилояти Суғд хоҳад рафт. Ӯ ба ғайр аз ширкат дар маросимҳо, аз як қатор шаҳру ноҳияи ин вилоят дидан мекунад ва бо аҳолӣ мулоқот кардаву иншоотҳои навро ба истифода медиҳад.
Ба ин маросими идона ба Қасри Арбоб аъзои ҳукумат, парламент, собиқадорон, намояндаҳои ҷомеаи Тоҷикистон даъват шудаанд.
Дар акс Қасри Арбоб. Акс аз АП
Блоки рекламавӣ