Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода Созишномаи мазкурро муарифи намуда, иброз намуд, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Созишномаи зикршуда 9 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Созишномаи номбурда аз дебоча ва 17 модда иборат буда, бо мақсади густариши минбаъдаи муносибатҳо миёни ду давлати бародар ва инкишофи тамосҳо байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин баҳри танзими ҳуқуқии тартиби мусофирати мутақобилаи бераводиди шаҳрвандони ин кишварҳо, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расидааст.
Дар моддаҳои 1-4 Созишномаи мазкур муҳлат барои ба таври транзит убур кардан ва иқомати муваққатан дар ҳудуди давлатҳои Тарафҳо, инчунин бо гунаи ҳуҷҷатҳои дахлдор бидуни раводид ворид гаштани шаҳрвандон ба ҳудуди давлати Тарафи дигар ва тартиби бемонеа ва бераводид ба ҳудуди давлати он Тараф барои иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ворид, аз он хориҷшудан ва дар он иқомат намудани шаҳрвандоне, ки хизматрасонии объектҳои давлати як Тарафи дар ҳудуди давлати Тарафи дигар қарор доштаро анҷом медиҳанд, инъикос гардидааст.
Мувофиқи моддаҳои 5-9 тартиби додани раводидҳои бисёркарата ба муҳлати то 12 моҳ барои ронандагони воситаҳои наклиётие, ки боркашонии автомобилии байналмилалиро анҷом медиҳанд, хабардор намудани Тарафҳо ҳамдигарро оид ба масъалаҳои мансуб ба соҳаи татбиқи муқаррароти Созишномаи мазкур, аз ҷумла муқаррароти замимаҳои №№№ 1, 2, 3 ва озод будани шахсони дахлдор аз супоридани хироҷи консулӣ барои раводид муайян гардидааст.
Моддаҳои 10-12 ҳуқуқи шаҳрвандони Тарафҳоро барои ворид, хориҷ шудан ва тариқи транзитӣ убур намудан тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи барои убури сарҳади давлати муайяншуда тибқи қонунгузории миллии давлатҳои Тарафҳо муқаррар намуда, ҳамзамон риояи қонуну қоидаҳои давлати Тарафи иқоматро ҳангоми буду бош дар ҳудуди он ва дар ҳолатҳои истисноӣ (хатар ба амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё ба саломатии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра) ҳуқуқи муваққатанё қисман боз доштани амали Созишномаи мазкурро аз ҷониби Тарафҳо ба танзим даровардааст.
Ҳаллу фасли масъалаҳое, ки ҳангоми татбиқи ҳамин Созишнома ба вуҷуд меоянд, дахолат накардан ба ҳуқуқ ва уҳдадории Тарафҳо, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалӣ сарчашма мегиранд, аз ҷумла истифодаи забони расмӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳамин Созишнома ва муҳлати эътибор пайдо намудан ва тартиби қатъи амали онро моддаҳои 13, 14, 15, 16 ва 17 инъикос намудааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.