Дар деҳаи Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент як ҷинояткори собиқадор аз бераҳмӣ фарзанди ҳамсарашро латукӯб кардааст, ки кӯдак ба ин тоб наоварда ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини деҳаи Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент, ки пеш бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст.

Номбурда, рӯзи 28-уми майи соли 2019 бо зани 30-солаи сокини деҳаи мазкур тариқи никоҳи мусулмонӣ оила барпо карда, дар давоми зиндагии якҷоя нисбати фарзанди ҳамсараш, писарбачаи 4-сола, мунтазам муносибати бераҳмона содир карда, ӯро латукӯб мекардааст.

Рӯзи 6-уми сентябри соли 2019 номбурда дар хонаи истиқоматиашон хурдсоли мазкурро зери латукӯб қарор додааст, ки дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, 8-уми сентябри соли равон ба ҳалокат расидааст.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110, қисми 3-т Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь