Дар соли 2018-ум 8187 нафар кӯдак дар Панҷакент таваллуд шудааст, ки аз ин 45% писар ва 55% духтар будаанд. Ин нуктаро сардухтури таваллудхонаи марказии шаҳри Панҷакент Мубориз Бӯриев зимни нишасти хабарии соҳаи тандурустӣ ба журналистон иттилоъ дод.
Ба андеши ҷаноби Бӯриев ин нишондиҳанда нисбати соли 2017-ум 257 ҳолати таваллуд зиёд будааст.
– Аз 8187 нафар таваллудшуда, 447 ҳолат бо роҳи буриши қайсарӣ ва боқимонда бо роҳи табиӣ таваллуд кардаанд. Дар соли сипаришуда 1 ҳолати фавти модару кӯдак ба қайд гирифта шудааст, – гуфт Мубориз Бӯриев.
Хуршед Фозилов
Блоки рекламавӣ