14-уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Дашти Қозии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ташриф оварда, нахуст хати оби полезиро барои обёрии 200 гектар замин ба истифода супорида, ба бунёди боғи нави интенсивӣ оғоз бахшид, сипас фермаи чорвопарвариро мавриди истифода қарор дод.

Хати оби полезӣ бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани 200 гектар замини санглоху бекорхобида дар мавзеи Дашти Қозӣ аз масофаи 1 ҳазору 280 метр кашида шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонида, ба бунёди боғи интенсивии чормағз оғоз бахшиданд. Бояд гуфт, ки ниҳоли дарахтони мевадиҳанда аз Ҷумҳуриҳои Туркия ва Ӯзбекистон ворид карда шуда, ҳосили он асосан, барои содирот пешбинӣ гардидааст.

Боғи интенсивии чормағз дар 14 гектар мутобиқ ба талаботи муосири парвариши ниҳолҳо ташкил карда шуда, ба ақидаи мутахассисон ҳосилнокии ин навъи боғҳо 8-10 маротиба аз боғҳои муқаррарӣ зиёд мебошад. Тартиби ниҳолшинонӣ дар боғи интенсивии чормағз аз рӯйи меъёр байни қатори ниҳолҳо 7 метр паҳноӣ ва масофа миёни ниҳолҳо бошад, 5 метрро дар бар мегирад.

Ба ҳамин тартиб, дар як гектар 286 бех ниҳол шинонда шуда, ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар аз 60 то 80 сентнер ҳосил рӯёнда мешавад.

Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва таъомҳои миллӣ дидан кард. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, сабзавоту полезӣ, меваҷот, хушкмеваҳо, моҳӣ, асал ва маҳсулоти нонӣ муаррифӣ карда шуд, ки бозгӯи самараи меҳнати бобарору садоқатмандонаи аҳли заҳмати шаҳри Панҷакент мебошад.

Ба иттилои масъулон дар ҳудуди деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент дар умум 819 хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродӣ мавҷуд буда, масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ 2 ҳазору 179 гектарро дар бар мегирад.

Фермаи чорвопарварӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Масрур Савриев бунёд карда шуда, дар он 100 сар чорво парвариш карда мешавад, ки барои истеҳсоли гӯшт пешбинӣ шудааст. Бо таъсиси фермаи мазкур 15 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону бонувони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки пас аз парвариши 3-6-моҳа аллакай чорво барои забҳ омода шуда, гӯшти хушсифат истеҳсол мешавад ва барои таъмини фаровонии ин навъи маҳсулот бо нархи нисбатан арзон ба бозорҳои шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Иқтидори истеҳсолии фермаи чорвопарварӣ дар як сол то 60 тонна гӯшти хушсифат мебошад.  Фермаи мазкур чорвои калони зоти “сиёҳ ало”, ки аз Федератсияи Русия ворид гардидааст, нигоҳубин карда мешавад. Ин зоти чорво барои истеҳсоли гӯшт мувофиқ буда, тибқи баҳогузории мутахассисон дар давоми шаш моҳи парвариш аз 350 то 400 килограмм вазн мегирад.

Дар баробари нигоҳубини чорвои зоти “сиёҳ ало”, дар ин ферма инчунин парвариши зотҳои маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Масоҳати фермаи мазкур 0,73 гектар аст ва барои парвариши чорвои гӯштӣ биноҳои алоҳида ва ёрирасон сохта шуда, дар онҳо бо риояи меъёрҳои соҳаи чорвопарварӣ шароит фароҳам гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь