Раиси ҳамакнун собиқи суди ноҳияи Панҷ Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон, ки моҳи январи соли равон аз ҷониби раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон боздошт шуда буд, барои 8 сол равонаи зиндон гардидааст. Ӯ барои гирифтани 122 ҳазор сомонӣ дар чанд ҳолат гумонбар дониста мешуд.
Дар ин бора раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён рӯзи 8-уми август дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ҳукми суд нисбат ба Бахтиёр Абдураҳмонзода рӯзи 14-уми июни соли равон содир гардидааст. Худи судшуда ва ҳимоятгаронаш ба ҳукми суд розӣ нашуда, барои бозбинии ҳукм ба зинаи болои суд шикоят будаанд.
Ёдовар мешавем, ки боздошти раиси суди ноҳияи Панҷ Абдураҳмонзода Б. С. нисфирӯзии 25-уми январ ба вуқуъ пайваста буд. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон кирдорҳои Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумронро бо моддаҳои “Гирифтани пора” (319 қ.3), “Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ” (314 қ.2) ва “Қаллобӣ” (247, қ.4)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ банду баст ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида буд.
Абдурамонзода Бахтиёр соли 2018 раиси суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъйин шуда буд. Номбурда то он дам ба ҳайси судя дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор мекард.