Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Асомиддинзода Шарофиддин ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми кишвар ба кор шуруъ кадааст.Чанд вақт боз маснади мазкур дар ин ниҳод холӣ будааст.

Сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар Эҳсони Хушбахт дар суҳбат ба “Фараж” хабарро таъйид карда гуфт, Шарофиддин Асомиддинзода аз рӯзи душанбеи 7-уми ноябр дар вазифаи мазкур, ҳамчун иҷрокунанда, ба кор шуруъ кардааст.

– Ба вазифаҳо таъйин кардани хизматчиёни давлатӣ тариқи озмун сурат мегирад. Аммо то иштирок дар озмуни ишғоли вазифаҳои холӣ дар вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Асомиддинзода Ш. ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мазкур фаъолият хоҳад дошт, – иброз дошт Эҳсони Хушбахт.

Ёдовар мешавем, ки Шарофиддин Асомиддинзода номзади илмҳои филологӣ буда, соли 2018 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Ғазалиёти Воқифи Лоҳурӣ”, зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ Муродов Хасан Гуломович ҳифз кардааст. Номбурда солиёни зиёд дар вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ-директори коллеҷи омӯзгории ноҳияи Панҷ, мудири шуъбаи маориф ва муовини раиси ноҳияи Панҷ фаъолият кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь