Роҳрави кӯчаи марказии ноҳияи Панҷ ба бозор табдил дода шудааст, аммо аз ин ҳолат масъулинро парвое нест.
Роҳи пиёдагард, ки аз ду ҷониб савдогарон онро танг карда, ба фурӯши меваву сабзавот, картошкаву пиёз ва самбӯсаву ҳасиб машғуланд, табъи ҳар роҳгузарро хира месозад. Кор ба ҷое расидааст, ки пиёдагардон на аз роҳи пиёдагузар, балки роҳи мошингузарро барои гаштугузор интихоб мекунанд. Дар ин ҷода қассобон ба гӯштфурӯшӣ машғуланд, ки ба ягон меъёри санитарӣ ҷавобгӯ нест.
Аз Маркази санитарию эпидемиологии ноҳияи Панҷ ба “Фараж” гуфтанд, ки нисбат ба қассобон чандин маротиба санад тартиб додаву ҷаримаҳо бастаанд, вале пас аз супурдани ҷарима боз ба корашон дар роҳрав идома медиҳанд.
Блоки рекламавӣ