Имрӯз дар шаҳри Тошканд Иҷлосияи ташкилии Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфт. Дар иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат дорад. Иҷлосия таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот Мирзоулуғбек Абдусаломов мегузарад.
Вай дар бораи интихоботи баргузоршудаи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ ва натиҷаҳои он ба Президент ва депутатҳои Палатаи поёнии Олий Маҷлис мухтасар гузориш дод.
Дар интихоботи 22 декабр ва интихоботи такрорӣ аз панҷ ҳизби сиёсии Ӯзбекистон 150 нафар депутат ба Палатаи қонунбарорим Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шуданд. Ҳоло ба ҳизбҳои сиёсӣ имкон дода шуд, ки ба мақоми спикери Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҷонишинони он номзадҳоро пешниҳод кунанд.
Ба ин мақом аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон Нуриддин Исмоилов ба ҳайси номзади ягона пешбарӣ шуд ва ӯро депутатҳо бо як овоз раиси Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб карданд.
Мирзоулуғбек Абдусаломов эълон кард, ки идома додани иҷлосияи парлумони ҷадид ба дӯши Нуриддин Исмоилов вогузор шуд.
– Депутатҳои имрӯза бар асоси рақобат ва ошкоро интихоб шуданд. Акнун дар одамони мо эътимод ва боварӣ нисбати давлату ҳукумат ва депутатҳо пайдо шудааст. Дар дунё рақобат соат ба соат пеш меравад ва имрӯз спикери депутатҳо низ мақому вазифаи пурмасъалиятро касб менамояд. Ин ҷо хонаи мардум аст ва ба ин ҷо депутат интихоб шудани шумо низ бояд мадди назари ҳар яки шумо қарор гирад. Мо халқи худро бояд розӣ кунем. Се соли охир ба парлумон ваколатҳои зиёд дода шуд ва оё аз ин ваколатҳо истифодаи дуруст сурат гирифт ва минбаъд низ сурат мегирад, ё на? Нақши шахс дар таърих хеле калон аст ва ҳамаи шумо бояд соҳиби илму таҷрибаи кофӣ бошед. Моро мардум назорат мекунад ва ҳоло мунтазир аст, ки мо чи корҳо хоҳем кард. Се маротиба депутати Олий Маҷлис интихоб шудаам. Замонаҳо хеле ба ташаннуҷ рӯ ба рӯ буданд. Аммо онро бурдборона пушти сар кардем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба гуфтаи Президенти Ӯзбекистон ҳамарӯза бояд рақобат эҳсос шавад. «Имрӯз воситаҳои ахбори оммаа низ тағйир ёфтааст ва роҳбарони тамоми идораҳо аз мулоқот бо журналистон ба ҳарос меафтанд. Шумо дар таърихи Ӯзбекистон бояд монед ва спикер низ дар ин маврид бояд мавқеи худро нисбат ба пештара дигар кунад. Қонунҳои босифат бояд қабул карда шаванд ва манфиатҳои мардумро ҳимоя кунанд», – гуфт ӯ.
– Ҳар вазиру роҳбари идора ба шумо гузориш медиҳад. Агар ин кор сурат нагирад, метавонед вайро муҳокима кунед. Барои фардо бояд имрӯз заминаи мустаҳкам фароҳам овард. Парлумони нави интихобшуда бояд халқпарвар бошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мо бовар кард, ки интихоботи демократӣ баргузор кардем, аммо ин бовариро набояд аз даст дод. Ҳар фраксия бояд нисбати ҳар қонун ибрози назар намояд. Ман ба шумо муваффақият мехоҳам, – изҳор кард Шавкат Мирзиёев.
Дар иҷлосияи ташкилӣ аз панҷ ҳизби сиёсӣ ҷонишинони спикер низ интихоб карда шуданд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд