“Бонки Эсхата” имконияти мусоидро барои наздикони шаҳвандоне, ки аз Русия ба номашон маблағ интиқол мешавад, пешниҳод менамояд. Ин имконияти дастрас тавассути барномаи “Эсхата Онлайн” бидуни пардохти комиссия ба роҳ монда шудааст. Минбаъд шаҳрвандон метавонанд, интиқолдиҳандагони худро аз истифодаи ин амалиёти мусоид огоҳ намоянд.

Барои иҷрои ин амалиёт интиқолдиҳанда бояд кадом амалро анҷом диҳад?

Сараввал дар барномаи “Эсхата Онлайн” бо рақами русӣ сабти ном шуда, интиқолро ба пайвандон таввассути пайваст шудани корти русӣ анҷом диҳед.

Чӣ тавр корти Русия ба «Эсхата Онлайн» пайваст карда мешавад?

Барои иҷро кардани ин амалиёт шаҳрвандон бояд аввал бо дастурамалҳои  пайвастшавии корти русӣ ба барномаи «Эсхата онлайн» шинос шуда, сипас метавонанд, интиқоли маблағи худро анҷом диҳанд:

Пас аз ворид шудан ба барнома, менюи “пардохтӣ ва интиқолҳо”-ро интихоб кунед. Баъдан тугмаи “Интиқол аз ФР”-ро интихоб карда, тугмаи “Илова”-ро интихоб ва корти русии худро пайваст кунед. Баъдан тугмачаи “+”-ро интихоб намуда, “Иловаи кортҳои “VISA/MasterCard/ МИР”-ро пахш кунед. Ҳамзамон, маълумоти корти Русиро ворид кунед, тугмаи “Корти пайванд”-ро  интихоб намоед. Рамзеро ворид кунед, ки ба рақами телефони шумо фиристода мешавад. Дониста бошед, ки Корти шумо пас аз он пайваст мегардад, киагар шумо тугмаи “Бозгашт”-ро интихоб кунед, то дигарбора тавонед бо ин роҳ маблағи худро интиқол диҳед.

Ёдовар мешавем, ки шумо бояд рақами телефони қабулкунандаи маблағро ба маблағи интиқол ворид карда,сипас дар қисмати “Ҳисоби дебетӣ” пайванд созед. Инчунин, рамзи ба рақами телефони Русӣ фиристонидаи худро ворид карда, тугмаи “Пардохт”-ро пахш намоед.

Ин имконият барои дорандагони кортҳои VISA/MasterCard/ МИР-и Русия дастрас аст.

Барномаи мобилии «Эсхата онлайн» -ро дар телефони мобилии худ боргирӣ намуда,кортро пайваст намоед ва аз пешниҳоди муфиди интиқоли маблағ истифода баред: http://eskhata.com/online

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь