Имрӯз, 17-уми октябр, дар шаҳри Душанбе озмуни Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки бахшида ба 15-солагии таъсисёбии ҳизб, байни рӯзноманигорон эълон шуда буд, бо хазинаи 10000 сомонӣ ҷамъбаст гарид.
Муовини раиси ҲАТ Мирзоанвар Ахмедов зимни ҷамъбасти озмун ба рӯзноманигорон изоҳри миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки дар оянда низ Ҳизби аграрии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо журналистон омода аст.
Тибқи хулосаи ҳакамон, барои ҷойи якум се ҳазор сомонӣ, барои ду ҷойи дуюм дуҳазорӣ ва барои се ҷойи сеюм ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш, Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳидаи барномаи пешазинтихоботии номзад ба мақомои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон карда буд.
Блоки рекламавӣ