Аз оғози Ҷанги 44-рӯзаи ватанӣ (ҷанги дуюми Қарабоғ), ки бо ғалабаи таърихии Озарбойҷон ба поён расид, ду сол сипарӣ мегардад. Ҷомеаи арманиҳо, ки тайи солҳои тӯлонӣ зери хаёлоту орзуҳо мезистанд, то ҳол аз оқибатҳои равонии шикасти талхи ин ҷанг ба худ наомадаанд. Халқи Озарбойҷон рӯзи 27 сентябр хотираи писарони дар ҷанг қаҳрамонона ҳалокгардидаро бо эҳтироми бузург пос медорад.

Рӯзи 27 сентябри соли 2020 дар посух ба иғвои густурдаи нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон дар хати ҷабҳа, артиши Озарбойҷон амалиёти зиддиҳамлавиро оғоз кард, ки баъдан он “Мушти оҳанин” ном гирифт. Ҷанги Ватанӣ, ки 44 рӯз давом кард, ба иғвои тақрибан 30-сола хотима бахшида, тамомияти арзии Озарбойҷонро таъмин намуд.

Ғалабаи бузург, ки таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи олии музаффар Илҳом Алиев ба даст омад, ба таърихи Озарбойҷон бо ҳарфҳои заррин навишта шуд. Дар натиҷаи амалиёти бомуваффақияти зиддиҳамлавии артиши Озарбойҷон, ки 27 сентябр дар Қарабоғ оғоз шуд, то 9 ноябр 5 шаҳр, 4 шаҳрак ва 286 деҳа аз ишғол озод карда шуд. Бояд гуфт, ин амалиёти бомуваффақияти ҳарбие буд, ки дар таърихи муосири ҷанг назир надошт.

Шаби 9 ба 10 ноябр Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Русия Владимир Путин ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян Изҳороти сеҷонибаро ба имзо расонданд, ки амалиёҳои ҷангиро қатъ намуд. Бар асоси ин баёния, Арманистон рӯзи 20 ноябр ба нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон Ағдом, 25 ноябр Калбоҷар ва 1 декабр вилоятҳои Лочинро таслим кард. Бад-ин тариқ, тамомияти арзии Озарбойҷон барқарор шуд.

Ғалабаи пуршараф дар Ҷанги Ватанӣ бо хуну ҷони фарзандони диловари халқи Озарбойҷон ба даст оварда шуд. Дар рафти ҷанг 2907 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Озарбойҷон шаҳид шуданд. Бо фармони Президент 27 сентябр Рӯзи пос доштани хотираи шаҳидон эълон шудааст. Халқи Озарбойҷон ва озарбойҷониҳои тамоми ҷаҳон хотираи мубораки шаҳидонро гиромӣ медоранд.

Бо фармонҳои Президент Илҳом Алиев даҳҳо ҳазор низомиёне, ки дар набардҳо ширкат доштанд, бо ордену медалҳо ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шуданд. 83 нафар бо унвони «Қаҳрамони Ҷанги Ватанӣ», 33 – нафар бо ордени «Зафар» мукофотонида шуданд.

Дар Боку бунёди Маҷмааи ёдгории Ҷанги Ватанӣ ва Осорхонаи Ғалаба, ки бо мақсади тарғиби қахрамонии бемисл ва тараннуми ғалабаи бузурги таърихии халқи Озарбойҷон дар Ҷанги Ватанӣ, инчунин абадӣ гардондани хотираи мубораки шаҳидон идома дорад.

Вақтҳои охир қариб ҳамарӯза хабарҳои Вазорати дифои Озарбойҷон дар бораи нақзи режими оташбас дар марз аз ҷониби ҷониби Арманистон паҳн мешаванд. Дар як қатор мавридҳо кӯшишҳои гуруҳҳои иктишофию- тахриботии арманӣ барои вуруд ба хоки Озарбойҷон ошкор карда шуданд. Дар натиҷаи ҳушёрии қисмҳои ҳарбии Озарбойҷон аз ин иғвогариҳо ҷилавгирӣ гардид.

Дар пасманзари талошҳои Озарбойҷон барои поксозӣ ва безараргардонии қаламравҳои озодшуда аз минаҳо, анҷом додани корҳои густурда ва мураккаби башардӯстона оиди безараргардонии минаҳо, гурӯҳҳои диверсионтахриботии ҷониби Арманистон кӯшиши убури марзҳои соҳибистиқлоли Озарбойҷон ва минагузории қаламравҳои онро доранд.

Мутаассифона, рӯзи 13 сентябр Арманистон дар минтақаи марзи давлатӣ бо Озарбойҷон як иғвои васеи низомӣ анҷом дод. Қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷон ин фитнаангезиро қатъиян мутаваққиф карданд. Ин ҳолат ба ҷараёни мӯътадил гардондани муносибатҳои байни ҳар ду мамлакат зарбаи ҷиддист. Тамоми масъулияти он бар дӯши роҳбарияти низомию сиёсии Арманистон аст.

Бояд ёдрас намуд, ки таърихи ҷаҳонӣ ҳарбҳои зиёдеро медонад. Халқҳое, ки барои муҳофизат намудани истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии худ мубориза мебурданд, на ҳама вақт дар ин ҷанг ғолиб мебаромаданд. Ва танҳо халқҳое, ки пешвои боҷуръату ҷасорат дошта, давлати қудратманд барпо карданду, якдилона кор намуданд, ба адолат ноил гардиданд. Чуноне, ки халқи Озарбойҷон. Давлати Озарбойҷон ба шарофати Пешвои сарнавиштсоз – Президент, Сарфармондеҳи олӣ Илҳом Алиев, ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии халқ, нерӯи артиш ва шуҷоати сарбозону афсарон, тамомияти арзӣ ва адолати таърихиро барқарор кард.

Мутаасифона ҷанг шаҳидон, захмиён, ветеранҳои ҷангӣ ва бедаракшудагон низ дар пай дорад…  Ва ин ҷанг низ бе талафот нагузашт.  Тақрибан се ҳазор қаҳрамонони Озарбойҷон шаҳид шуда, ба қуллаи шаҳодат баҳри озодии сарзамини худ расиданд, ҳазорҳо ҷанговарони диловар, захмбардоштагон ветеранҳои ҷангӣ гардиданд. Фарзандони Ватан, ки барои аз душман озод кардани сарзамин ва барқарор намудани тамомияти арзии меҳан ҷон бохтаанд, қаҳрамонони ин ҷанги муқаддасанд, ва дар хотироти мардум ҷовидон хоҳанд монд…

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь