Маркази матбуоти ВКД қотилони куштори пурсару садои 12-уми июн дар ноҳияи Ҷайҳун содиршударо эълон кард, аммо ҷузъиёти ин ҳодисаи даҳшатнокро, ки боиси кушта шудани як падару се писар шуд, шарҳ надод.
Дар хабари ин ниҳод гуфта мешавад, ки бо баргузор кардани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия қотилон дастгир шудаанд, аммо номи онҳо гуфта нашудааст. Аз онҳо ҳамчун мардони 33 ва 37-солаи ҳамин ноҳияи ном бурда мешавад. «Оид ба ҷинояти одамкушии чанде қабл содиргардида нисбати падар ва фарзандони ноболиғи 14, 13 ва 8-солаи сокинони ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 37 ва 33-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи мазкур дастгир карда шуданд», – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД.