Духтарке, ки 65 дарсади аъзои баданаш аз дасти гуруҳи ноболиғон сӯхту бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон зери назорати вазири тандурустии кишвар қарор дошт, аз ҷониби пизишки олмонӣ Эдгар Бимер табобат хоҳад гирифт.
Аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (комбусталогия), ҳамзамон президенти Асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер барои огоҳи пайдо кардан аз вазъи саломатии ноболиғ Зулфонова Осия, соли таваллудаш 2013, сокини маҳаллаи Боғи миллии шаҳри Душанбе, ки 19-уми июн бо ҷароҳатҳои вазнини аз сӯхтор ба беморхонаи № 3 шаҳри Душанбе, шуъбаи бемориҳои сӯхта бистарӣ гашта буд, омадааст. Баъд аз муоина профессор Эдгар Бимер вазъи саломатии ноболиғро мӯътадил, аммо вазнини миёна арзёбӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки ин пизишк пешакӣ бо таърихии бемории Осия шинос шудааст ва барои муолиҷаи ӯ доруҳои заруриро овардааст. Профессор гуфтааст, ки бо табибони тоҷик муолиҷаро давом дода, барои ҳарчӣ зудтар барқарор кардани саломатии духтарак тамоми кӯшишу ғайраташро ба кор мебарад.
Ин субҳ бемор маротибаи дуюм ҷарроҳӣ шудааст. Ба фарқ аз дафъаи аввал, марҳилаи дуюми ҷарроҳӣ бо иштироки профессори олмонӣ Эдмар Бимер гузаронида шудааст. Табиби бемористони мазкур Тоҳир Зубайдов, ки маротибаи аввал Осияро ба танҳоӣ ҷарроҳӣ карда буд, дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, ҷарроҳӣ субҳи имрӯз, соати 08:30, оғоз ва ҳудуди 1, 5 соат тӯл кашидаст.
Ба гуфтаи Зубайдов, мутахассиси олмонӣ ҳам ҷароҳатҳои амиқи сӯхтаро на кам аз 40 дарсад гуфтааст.
– Феълан Осия зери таъсири доруи беҳушӣ қарор дорад ва вазъи саломатияш вазнини бетағйир боқӣ мемонад. Ҳануз маълум нест, ки бадани бемор ҷарроҳиро чӣ хел қабул мекунад, – гуфт табиб.
Тоҳир Зубайдов, ҳамчунин, гуфт, ҳоло маълум нест, бемор боз чанд маротибаи дигар ҷарроҳӣ карда мешавад.
Профессор Эдгар Бимер изҳори омодагӣ кардааст, ки дар муоина ва табобати дигар беморони вазнини хурдсоли ин беморхона, ки ин шабу рӯз ба бемориҳои гуногуни сӯхта гирифтор шудаанд, саҳми худро хоҳад гузошт.