Ҷинояткорон бо гузашти солҳо шояд ба он бовар шаванд, ки амалашон ошкор нашудаасту метавонанд бе ташвиш зиндагӣ кунанд, аммо дар асл чунин нест. Баъд аз гузашти солҳо низ ҷиноят ва ҷинояткорон фош мешаванд ва ҳеч амале бе подош намемонад.

Марди сокини деҳаи Гулрези шаҳри Ваҳдат моҳи августи соли 1998 дар деҳаи Кофарниҳони ҳамин шаҳр бо марди 31-сола (соли таваллудаш 1967), сокини ноҳияи Нуробод, ҷангу ҷанҷол карда, бо силоҳи оташфишони тамғаи “АКС”-и дар дасташ буда, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

Бо гузашти қариб 20 сол, 2-юми октябри соли 2017, бо доир кардани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 42-солаи сокини деҳаи Гулрези шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят дастгир карда шудааст.

Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь