Шаҳри Аомури Ҷопон дар шимоли минтақа тасмим гирифтааст, ки барфро ҳамчун манбаи нерӯи барқ истифода кунад. Ин озмоиш моҳи оянда оғоз шуда, то моҳи март идома хоҳад кард. Шаҳр озмоишҳоро дар ҳамкорӣ бо стартапи маҳаллии технологияҳои иттилоотӣ «Форте» ва инчунин Донишгоҳи телекоммуникатсияи Токио мегузаронад.
Пештар барфро аз кӯчаҳои шаҳр ҷамъ карда, ба баҳр мепартофтанд. Бо ин ҳол, ба гузориши Techtoday, ихтилофи дамои байни барф ва муҳити зист метавонад ба нерӯи барқ табдил дода шавад.
Озмоиш тоза кардани барфи ҳавзи шиноварии мактабро дар бар мегирад. Лӯлаҳои табодули ҳароратӣ дар махзан қарор мегиранд, ки ҳаво дар он хунук мешавад. Ҳавои берун дар ин замон тавассути офтоб гарм мешавад. Ин ихтилофи дамо барои эҷоди ҷараёни моеи хунуккунандаи конвективӣ дар дохили турбин истифода мешавад . Ҷараёни конвективӣ турбинро барои тавлиди барқ мечархонад.
Кучӣ Энокӣ, устоди Донишгоҳи иртибототи электрикӣ, ин системаро таҳия кардааст. Тахмин карда мешавад, ки ин раванд метавонад ҳамчун энергияи офтоб самаранок нерӯи барқ тавлид кунад. Интизор меравад, ки нерӯи барқи барфӣ бо арзиши кам тавлид шавад.