Омӯзгори мактаби миёнаи рақами 3-и ноҳияи Бувайдаи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, ки аз ӯ танҳо Р. М. ном бурда мешавад, барои таҳқир ва латукӯби хонандагон аз мақомаш барканор шудааст.
Пештар расонаҳои Ӯзбекистон хабар доданд, ки дар мактаби рақами 3-и ноҳияи Бувайда омӯзгорон бо ҳар баҳона, аз ҷумла обуна шудан ба нашрияҳо, аз хонандагон пул талаб мекунанд. Ҳамчунин, бархе аз онҳо хонандагонро дашном дода, таҳқиру латукӯб мекардаанд.
Дар пайи санҷиши Хадамоти назоративу ҳуқуқии Вазорати маорифи Ӯзбекистон маълум шудааст, раҳбари синфи 7 «в»-и мактаби мазкур Р. М. 16-уми ноябри соли 2018 зидди хонандагоне, ки пули обунаро наоварда буданд, кирдорҳои ғайриқонунӣ анҷом додааст.
Дар натиҷа, бо фармони раҳбарияти Идораи маорифи вилояти Фарғона, Р. М. ва муовини мудир оид ба таълиму тарбия Х. А. аз мақом барканор шуданд. Мудири мактаб Р. А. ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудааст.
«Вазорат ҳама гуна амалҳои хушунатомезро маҳкум карда, аз омӯзгорону волидон даъват мекунад, хештандор бошанд ва мушкилиҳоро бидуни зарбу шатта ҳал кунанд. Ҳамчунин аз масъулони мактабҳо талаб мешавад, ки бо ҳар баҳона ҷамъоварии ғайриқонунии пул аз волидону хонандаҳоро қатъ кунанд», – гуфтанд дар Вазорати маорифи Ӯзбекистон.