Аксарияти аъзои бундестаг аз овоздиҳии нобоварӣ ба ҳукумати Олаф Шолтс тарафдорӣ карданд. Худи садри аъзами Олмон ин масъаларо пас аз фурӯпошии эътилофи ӯ дар порлумон матраҳ кард.
Бино ба гузориши ВВС, интихоботи пеш аз муҳлат дар Олмон рӯзи 23-юми феврал баргузор мешавад. Акнун раисиҷумҳури кишвар Франк-Валтер Штайнмайер бояд дар давоми 21 рӯз дар бораи пароканда кардани Бундестаг тасмим бигирад. Сипас, дар давоми 60 рӯз дар Олмон интихоботи нав баргузор мешавад.
Тибқи назарсанҷӣ, эътилофи ҳизбҳои насронии Иттиҳоядии демократии масеҳӣ ва Иттиҳодияи сотсиалистии масеҳӣ бо сарварии Фридрих Мерз барои пирӯзӣ дар интихоботи пеш аз муҳлат шонси бештар дорад. Аз ӯ каме бештар аз 30% интихобкунандагон ҷонибдорӣ мекунанд.
Мерз, аз ҷумла, ваъда додааст, ки хароҷоти низомиро афзоиш медиҳад ва марзро барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ мебандад. Вай ҳамчунин имкони интиқоли мушакҳои “Таурус” ба Украинаро истисно намекунад, аммо Шолтс ва ҳизби ӯ ба ин мухолиф буданд.
Ҷойи дуюм, тибқи назарсанҷиҳо, мумкин аст насиби ҳизби популисти ростгарои «Алтернатива барои Олмон» бошад. Тақрибан 20% интихобкунандагон омодаанд ба тарафдории он овоз диҳанд. Ҳизби сотсиал-демократҳо тақрибан 17% ва «сабзҳо» 11% овоз гирифта метавонанд.