Субҳи имрӯз як расона бо унвони “Фаврӣ: Дар Панҷакент карантин эълон шуд!”, иттилоъ нашр кард. Дар хабар омадааст, ки “шуруъ аз субҳи 20-уми март дар чанд муассисаи таълимии шаҳри Панҷакент ва маконҳои ҷамъшавии одамон карантин эълон шудааст”.
Роҳбари дафтари матбуоти Ҳизби халқии демократии шаҳри Панқакент Бобо Солеҳзода ба хабарнигори farazh.tj иттилоъ дод, ки хабари паҳншудаи мазкур воқеият надорад.
– Дар ҳама муассисаҳо кор ба тарзи муқаррарӣ ҷараён дорад. Ҷашни Наврӯз низ ба таври идона таҷлил мешавад. Дари муассисаҳои таълимии миёна ва олӣ ба рӯйи муҳассилин боз аст. – гуфт Бобо Солеҳзода. – Аз мардум хоҳиш карда мешавад, ки ба овозаҳои беасос бовар накунанд.
Сокинони шаҳри Панҷакент низ ҳолати ҷойдоштаро рад карданд. Самандар Ҷӯраев аз деҳаи Порвен дар тамос ба Faraj. tj иброз намуд, ки “ягон намуд қарантин эълон нашудааст. Ҳозир дар деҳаи мо ва атрофи он сокинон ба ҷашни Наврӯз тайёрӣ мегиранд”.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ба Faraj. tj хабар доданд, дар шаҳри Панҷакент эълони қарантин овозае беш нест.
– Танҳо ба хотири чораҳои пешгирикунанда, дар деҳаҳои наздисаҳадӣ гаштугузори дастаҷамъонаи сокинон маҳдуд шуда, ҳар нафаре, ки аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, аз назорати табибон мегузаранд, – таъкид намуд роҳбари дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ Бибихонум Дарвешзода ва илова кард: – Хушбахтона, то ҳол ҳолати гирифторӣ ба вируси корона дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст.