Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Муҳаммад Орифзода роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон таъйин карда шуд. Ӯ дар ин вазифа Ғазалшо Сафарзода, ки чанде пеш аз вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон барканор шудаву сардори Раёсати маорифи вилоят таъйин карда шуд, иваз кард.
Аз ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки имрӯз, 2 август, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маросими муаррифии роҳбари нави дастгоҳи раиси вилояти Хатлон барпо гардид. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода роҳбари дастгоҳ Муҳаммад Орифзодаро ба кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дастгоҳи раиси вилоят муаррифӣ кард.
Гуфта шуд, ки муҳаммад Орифзодаи 45-сола то имрӯз дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ фаъолият мекард.
Дар гузашта Орифзода Муҳаммад масъулияти раисии ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъро ба уҳда дошта, ба ҳайси директори муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст. Минбаъд ӯ фаъолияташро дар дастгоҳи раиси вилоят давом хоҳад дод.