Нуриддин Давронов, футболбози тоҷик ва собиқ бозингари дастаи яккачини Тоҷикистон, ба тими “Реал Кашмир”-и Ҳиндустон пайваст. Дар ин бора сомонаи даста дар шабакаи “Инстаграм” хабар дод.

Агенти футболбоз Кова Тилавпур дар сӯҳбат бо “Фараж.тҷ” ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки “шартнома то анҷоми мавсим, ба мӯҳлати се моҳ баста шуд”. Дигар паҳлӯҳои қарордоди ҳамкориро шарҳ надод.

Дастаи “Реал Кашмир” дар Чемпионати Ҳиндустон бозӣ мекунад. Баъди сипарӣ шудани 10 давр, 16 имтиёз дошта, дар зинаи сеюми ҷадвал қарор гирифтааст.

Нуриддин аз моҳи июл то декабр дар дастаи “Моҳаммедан”-и Ҳиндустон бозӣ мекард. Бо розигии ҳарду тараф қарордод бекор карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь