Имрӯз, 21-уми октябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи чанд иншооти иҷтимоӣ, саноатӣ ва мулоқот бо мардум ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон рафт, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти роҳбари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Темурмалик бинои Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангуртро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Коллеҷи мазкур дорои 36 синфхонаи таълимиву лабораторӣ, 5 кафедра, 14 синфхона, 6 озмоишгоҳ, китобхона барои 30 ҷой, ошхона барои 60 ҷой ва инчунин толори маҷлисӣ барои 240 ҷойи нишаст мебошад.

Сипас, президент дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баъд аз таъмиру азнавсозӣ дари боғчаи кӯдаконаи “Бону”-ро ба рӯйи кӯдакон боз кард. Боғчаи кӯдаконаи “Бону” аз 2 ошёна иборат буда, дар он имконияти фарогирии то 200 кӯдак ба таълим ва тарбия мавҷуд мебошад. Барои тарбияи атфол 5 мураббӣ ҷалб шудаанд.

Дар идома Корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» ба фаъолият шуруъ кард. Масоҳати иншоот, ки аз 3 ошёна иборат аст, 786 метри мураббаъ мебошад.

Баъд дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик Корхонаи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Масоҳати умумии иншооти навбунёд 6000 метри мураббаъро ташкил намуда, бинои асосӣ дар масоҳати 1000 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳияи идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь