Аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар се моҳи соли ҷорӣ 933,9 килограмм маҳсулоти пастсифату муҳлати истифодааш гузашта аз муомилот гирифта шудааст.

Директори маркази мазкур Абубакр Нусратуллоев  ба “Фараж” хабар дод, дар ин муддат аз ҷониби кормандони онҳо зимни баргузории 92 санҷиши нақшавӣ 933,9 килограмм маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузашта ва пастсифат аз бозору мағозаҳо гирифта шуда, 74 шахси масъул ба маблағи зиёда аз 26 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Гуфта шуд, ки бештари маҳсулоти аз муомилот гирифташуда маҳсулоти хурокворӣ ва нӯшокӣ мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра ҳемчунин 7 иншоот барои ҷой доштани камбудиҳояшон муваққатан боздошт шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь