Дар ноҳияи Дӯстӣ соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, роҳ,  хоҷагии қишлоқ ва ёрии иҷтимоӣ 84 дарсад ба зимистонгузаронии имсол омада шудаанд.

dav

Сардори Раёсати молияи ноҳияи мазкур Раҳмиддин Ёрзода гуфт, ки барои зимистонгузаронии солҳои 2019-2020 дар буҷаи маҳаллии ноҳия 412 ҳазору 850 сомонӣ маблағи пешбинӣ шудааст, ки иҷроиши он ба ҳолати 21-уми сентябри соли 2019-ум 347 ҳазору 144 сомонӣ, баробари 85 дарсад иҷро гардидааст.

Манбаъ гуфт, ки бо ин миқдор маблағ 411 тоннаву 385 килограм ангишт ва 398,27 метри мурабаъ ҳезум харида шудааст.

– Ҳоло соҳаи фарҳанг 100 %, ёрии ичтимоӣ дар хона 92,6, маориф  85,  тандурустӣ 76 ва хоҷагии қишлоқ 60 дарсад ба зимистон омода мебошанд, – илова кард ин шахси масьул.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь