Ташкилоту идора, корхонаву хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар назди нозироти андози ноҳия ба маблағи беш аз 6 миллиону 732 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.
Роҳбари нозироти андози ноҳияи мазкур Зоир Орифзода дар сӯҳбат ба “Фараж ” гуфт, ки бештари ин қарзҳо аз хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад, зеро 90 дарсади андозсупорандагони ноҳияро хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил медиҳанд.
Манбаъ гуфт, барои пардохти андозҳо тамоми тадбирҳо роҳандозӣ карда шудаанд.
– Дар ноҳияи Ҳамадонӣ давоми панҷ моҳи соли равон қисми даромади буҷети ноҳия 100 дарсад иҷро гардидааст, – гуфт Зоир Орифзода.
Блоки рекламавӣ