Ҳукумати ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ният дорад, бо сохта ба истифода додани як парки технологӣ ноҳияро то соли 2024 худкифо кунад.

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз  зимини нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки ҳоло 46 дарсади маблағҳои ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ҷумҳурӣ ва вилоят вобастагӣ дорад. ки то соли 2024 аз гирифтани ин маблағҳо даст кашида, худкифо хоҳад шуд.

Раис ҳамчунин иттилоъ дод, ки нақша доранд, дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳия як парки технологӣ сохта, дар дохили он беш аз 10 корхонаи саноатӣ бунёд кунанд.

Аз сарраёсати молияи вилоят иттилоъ доданд, ки барои пӯшонидани қисми хароҷоти буҷаи ноҳияи Ҷайҳун аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ 25,6 миллион сомонӣ ё 34% қисми хароҷот ва аз ҳисоби буҷаи вилоят 7,3 миллион ё 9,7% қисми хароҷоти буҷаашонро мегиранд.

Ноҳияи мазкур яке аз ноҳияҳои мебошад, ки бозорҳои кишвар ва ҳатто берун аз онро бо маҳсулоти кишоварзӣ тахмин мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь