Норасоии об ва хафви хушксоливу мушкили додугирифти об бо Қирғизистон мақомоти Суғдро водор кардааст, ки дар ноҳияи марзии Бобоҷон Ғафуров даҳҳо чоҳи амудӣ кофта, мардум ва хоҷагиҳоро бо об таъмин кунанд.
Қирғизистон чанд ҳафта аст, ки аз канали Хоҷабақирғон, ки ягона манбаи оби сокинони наздимарзӣ аст, об намедиҳад. Чанд рӯз пештар дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тарҳи кофтани даҳҳо чоҳи амудиро ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муаррифӣ карданд, зеро чанд рӯзи охир ҳудуди 30 ҳазор аҳолӣ ва беш аз 750 хоҷагии кишоварзӣ дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача ба танқисии об рӯ ба рӯ шудаанд, ки сарчашмаи обашон аз Қирғизистон мебошад.
Гуфта мешавад, тариқи чоҳҳои амудӣ то 1,5 куб об кашидан мумкин аст, ки аз он 500 литр оби нӯшокӣ барои аҳолӣ ва 1 куби боқимонда барои 1000 гектар замини ишоварзӣ мерасад.
Канали Хоҷабақирғон, ки манбаи оби он аз Қирғизистон сарчашма мегирад, ба ҷуз таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ҳамчунин ҳудуди 9 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии ду ноҳияи наздимарзии вилояти Суғд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расуловро шодоб мегардонад.
Баъди чанд рӯзи бастани об аз суйи ҳамсояҳо, мақомот охири ҳафтаи гузашта бо раисони вилояти Бодканд суҳбат карданд ва субҳи душанбеи 25-уми апрел ба канали “Хоҷабақирғон” 0,8 куб об омад.
Масъулини идораи обёрӣ мегӯянд, мувофиқи шартномаи байнидавлатӣ Тоҷикистон бояд аз канали Хоҷабақирғон 72-73%, Қирғизистон 10% об гиранд ва 15% оби боқимонда бояд ба Ӯзбекистон ҷорӣ шавад.
Аммо ба гуфтаи масъулин бинобар то ҳол об нашудани барфу пиряхҳо дар саргаҳӣ об ҳоло маҷрои ҷоришавии об низ аз Қирғизистон кам мебошад.
Кани точикхои багайрат ки дар назди сафоратхои Киргизистон дар саросари олам ва назди созмонхои байналхалки флешмоби “Об барои Точикистон”-ро ташкил кунанд? То ба чахониён нишон диханд афти киргизро. Авангард кучои? Ватандустони Бадахшон ку хунартона дар ин масъалаи хасоси милли нишон дихед ё дар масъалахои махалли пешсафед? Сугд ба гап нест оромии абади (нисфи заминша гирифтан нисфаша худшон ба киргиз доданд). Хисору Хатлону Рашт мархамат нангу номустона нишон дихед. Домуллохо чаро дар масъалаи Фаластин мегуеду дар масъалаи бародару хохарони беоби худ хомушед? Инро провокатсия не. Танхо шумо хам ёд гиред чанги иттилооти бо киргизро Агар имруз истифода накардед, пагох тамоми чахонро чи гуна бовар мекунонед ки айб дар киргиз аст?