31-уми май байни сокинони деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи ӯзбекистона ва деҳаи Чечмаи ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткенти қирғизистон низоъ бархостааст. Як сокини ноҳияи Сӯх ба мухбири “Фараж” тавассути телефон гуфт, ки ин моҷаро аз гаппаронии ҷониби қирғизҳо шурӯъ шуд ва баъд ба сангандозӣ табдил ёфт.
– Чун ҳарсола мардуми чанд деҳа барои тоза кардани ҷӯйбор аз роҳи ҳашар ҷамъ омадем. Бо белу каланд ба тоза кардани ҷӯй машғул шудем, ки дар марзи худамон қарор дорад. Болотар аз мо қирғизҳо низ машғули тоза кардани ҷӯйбор буданд. Баъд аз фурсате ду-се нафари онҳо, ки ширакайф будаанд, ба тарафи мо омаданд ва ба камситоии мо шурӯъ намуданд. Яке аз онҳо гуфт, ки чаро ин ҷӯйро тоза мекунем, зеро оби чашма марбути қирғизҳост ва ба мо об намедиҳанд, ки аз ин ҷӯйи тоза кардаамон ҷорӣ шавад, – гуфт ҳамсуҳбатам.
Вай афзуд, ки ин ҳарфҳо ба иззати нафсашон расид ва аз қирғизҳо тақозо намуданд, ки аз ин ҷо бираванд ва байни ду мардуми ҳамсоя низоъ барнаангезанд. Аммо онҳо ба ҳоли онҳо хандидаанд ва гуфтаанд, ки ин ҷо мулки онҳост ва хуҷаин онҳоянд, ҳар коре, ки дилашон мехоҳад, мекунанд.
– Вақте ки онҳо баргаштанд, нафарҳои боқимонда якбора ба тарафи мо санг андохтанд. Мо ҳадаҳа чанд қадам ақибнишинӣ кардем ва дигар тоқат карда натавонистем, ки ин кори онҳо беҷавоб монад, зеро ҳамеша моро ғайр аз худамон қуваи дигар ҳимоя намекунад, – мегӯяд ин сокини ноҳияи Сӯх.
Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона аз чаҳор самт дар иҳотаи Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад ва дар ҳамин ҳол ба далели пахши коронавирус роҳи равуои ягонаи ин мардум ба маркази вилоят масдуд мебошад.
Соати 12:30 байни сокинони ду деҳаи ҳаммарз низоъ хестааст. Ба ин ҷо аз деҳаҳои дигари ду самти марз мардуми зиёд ҷамъ омадаанд. Бар асари сангандозии қирғизҳо бештар аз 150 нафар сокини ноҳияи Сӯх захмҳои гуногун бардоштаанд.
Гуфта мешавад, ки дар айни ҳол вазъияти се нафари онҳо хеле вазнин аст ва пизишкон дар талоши наҷоти ҷони онҳоанд.
– Баъзе ярадорон аз тири мусалсал ва милтиқ ҷароҳат бардоштаанд. Аксарияти ҷароҳатбардоштагон дар шифохона бистарӣ мебошанд. Раиси собиқи ноҳияи Сӯх Таваккал Раҳимов, ки гуфта мешавад, бо ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев барои ҳалли масъала ва бартараф намудани низоъ ба ин ноҳия омадааст, захм бардоштааст ва зери назорати пизишкон қарор дорад,-мегӯянд ҳамсуҳбатони мо.
Тавре ки аз ноҳияи Сӯх ба мухбири “Фараж” хабар доданд, шабона чанд мошини зиреҳпӯш аз тариқи роҳи Риштон-Сӯх ба ин ноҳия омад, аммо маълум нест, ки сарнишинони ин мошинҳо киҳоянд. Баъд маълум шуд, ки раиси ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Арипов ба ноҳияи Сӯх омадааст.
Дар робита ба ин низоъ дар тамоми шабакаҳои интернетӣ хабарҳо ва аксу наворҳои видеоӣ пахш шудаанд. Бино ба ин хабару наворҳои видеоӣ қисмати аъзами осебдидагони ин низоъ мардуми ноҳияи Сӯх мебошанд.
Дафтари матбуоти Хадамоти амнияти Ӯзбекистон дар ин маврид вокуниш нишон додааст. Мувофиқи он барои ба эътидол овардани вазъият ба ҷои ҳодиса мақомоти марбутаи ду кишвари ҳамҷавор мулоқот кардаанд.
“Дар айни ҳол вазъият зери назорат аст. Барои бартараф намудани сабаб ва оқибатҳои моҷаро тамоми чораҳои зарурӣ пиёда мешаванд”, – омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти ХА Ӯзбекистон.
Тибқи хабарҳои расида ноиби аввали сарвазири Қирғизистон Қуватбек Боронов ба ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткент омадааст. Интизор меравад, ки дар ин соатҳо вай бо нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов вориди гуфтушунид ва баррасии ин ҳодиса хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, ки вай то мулоқоташ бо намояндаи ҷониби Ӯзбекистон бо намояндагони ниҳодҳои маҳаллии кишвараш гуфтугӯ намудааст.
Бар асари ин низоъ се хонаи сӯхиён аз тарафи қирғизҳо ба ками оташ дода шудааст. Ҳамчунин, молу амволи зиёди мардуми деҳаи Чашма хисорот дидааст.
Тибқи хабарҳои расида се нафар сокини деҳаи Чечмеи ноҳияи Қадамҷо дар ин даргирӣ захмҳои сабук бардоштаанд, аммо мардуми он ягон хисороти молӣ надидаанд.
Тафсилот ва натиҷаҳои ин ҳодисаро пайгирӣ хоҳем кард.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд