Санаи 06-уми феврали соли 2023 тибқи нақшаи муқаррарнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толор-маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ ”Амонатбонк” нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» давоми соли 2022 бо иштироки доираи васеъи намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар оғози нишаст Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. оид ба натиҷаҳои молиявии Бонк дар давоми соли 2022 ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуда, иброз доштанд, ки Амонатбонк дар соли 2022 ба наздики 25 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 784 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,8 млн. нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 547 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи наздики 3000 нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ намуд.
Сипас оид ба ҳаҷми дороиҳо, сатҳи пардохтпазирӣ, сармоя ва фоидаи софи Бонк дар соли 2022 ба ҳозирин маълумот пешниҳод гардид.
Дар раванди саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодиёти рақамӣ ва боз ҳам рушд додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, Бонк 683 нуқтаҳои қабули маблағҳои коммуналӣ ва 372 нуқтаҳои қабули маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро роҳандозӣ намуда, 822 адад QR – рамз ва 656 адад постерминалҳоро дар муассисаҳои давлатӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст.
Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар маросими савгандёдкунӣ ва паёми солона, Бонк аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба 46 ҳазор муштарӣ 1 482,4 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Ҳаҷми қарзҳои додашудаи Бонк нисбат ба соли 2021, 102,4 млн. сомонӣ афзудааст.
Ҳамзамон оид ба ҳамкории дуҷонибаи Амонатбонк бо бонкҳои хориҷи кишвар, қарзҳои имтиёзноки Бонк таҳти унвони «Кишоварз», «Дониш», “Автокредит” ва «Занҳои муваффақ», қарзҳои ипотекӣ, барномаи мобилии “Амонат-мобайл”, “Интернетбонк”, фаъолияти назарраси маркази тамоси Бонк ва ғайра маълумот манзур карда шуд.
Баъд аз ҳисоботи Раиси Раёсат аз ҷониби рӯзноманигорон вобаста ба фаъолияти соҳа суолҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.