Музокироти ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо ишироки сардори Неруҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошаев ба хотири ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади ҳарду кишвар субҳи имрӯз дубора оғоз шуда буд, ба итмом расид, вале ҷонибҳо ба мувофиқа нарасидаанд, хабар медиҳад “Азия-Плюс”.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи музокироти имрӯза ягон протоколи муштарак ба имзо нарасид, аз ин рӯ, музокироти баъдӣ, ба фардо, 29 январ, гузошта шуд.

Гуфта мешавад, ки то ба ҳол маҳалли музокироти рӯзи 29 январ маълум нест.

Бояд гуфт, ки субҳи имрӯз, дар ҷамоати Чоркуҳи Исфараи Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Қамчибек Тошиев сари мизи музокирот нишастанд.

Ёдовар мешавем, ки шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон даргирии навбатӣ сар зад ки дар натиҷа 2 сокини Исфара кушта ва ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон танҳо аз захмӣ шудани 11 нафар шаҳрванди худ хабар медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь