Аз 13-уми июл нишасти матбуотии намояндагони васоити ахбори омма бо роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияташон дар нимсолаи аввали соли 2020 оғоз мегардад. Дар ин бора АМИТ “Ховар”, ки масъули баргузории ин нишастҳост, хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби чанд вазорату идора баргузор карда мешаванд, ки намояндагони воситаҳои ахбори омма барои пайдо кардани посух ба саволу пурсишҳояшон имконият доранд. Нишастҳои матбуотӣ мувофиқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31-уми июл идома меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь