Ба таваҷҷуҳи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муҳтарам Рамазон Раҳимзода

Манзарае, ки ҳар рӯз дар гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи бозори “Саховат” ва умуман дар ҳудуди он ба назар мерасад, одами солимро ба ваҳшат меорад.

Ба шўру мағал ва суханҳои ноҷое, ки ҷавонони ҷамъшуда нисбати якдигар мегӯянд, махсусан, нисбати амали як гурўҳи муташаккили қаллоб, ки роҳгузарони соддаву зудбоварро ба ќиморбозї ҷалб карда, бо роҳи фиреб пулашонро аз ҷайбашон кашида мегиранд, ҳама бетарафанд. Ҳайратовар он аст, ки чунин амал дар пеши чашми маъмурони ҳифзи ҳуқуқ рух медиҳад ва эшон барои андешидани чорае иқдом намекунанд. Агар чорае ҳам андешидан хоҳанд, танҳо муваққатан қаллобонро аз ин макон меронанд ва ин гурўҳ боз дар ҷои дигари серодам ба њамон амалашон идома медиҳанд. Ин нафари тоқидореро, ки дар навор мебинед, солҳост бо гуруҳаш дар ин макон “фаъолият” дорад ва маъмурони ҳифзи ҳуқуқ ба ин амали ўву шариконаш чашм мепӯшанд. Чаро то ҳанўз нисбат ба ин қаллобон чораандешӣ карда намешавад? Онҳо дар рӯзи равшан ба ғорати рӯирости мардум даст задаанд. Рӯзе, ки мо ин саҳнаро мушоҳида кардем, ду нафар “тӯъмаи” ин гурўҳ гардиданд, ки яке аз 100 сомонӣ ва дигаре аз 400 сомонии худ маҳрум шуданд.

Илова бар ин, гурўҳи  зиёди ҷавонони бекор, ки аксари онҳо донишҷӯ ва хонандагони мактабҳои миёна низ ҳастанд, ин гузаргоҳро ба бозори телефонњои мобилї табдил додаву роҳи одамонро банд кардаанд.

То кай чунин бесарусомонї дар пойтахти кишвар идома мекарда бошад? 

Шамсулло Фозилов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь