Прокуратураи генералии Тоҷикистон боз кардани парвандаи ҷиноятиро нисбат ба оташзанандагони Осияи 6-сола рад намудааст.
Дар ин бора имрӯз, 16-уми июл зимни нишасти матбуотии Прокуратураи генералӣ иттилоъ дода шуд.
Сардори Раёсати назорат оид ба ноболиғон ва ҷавонон дар Прокуратураи генералӣ Камолзода Баракатулло гуфт, дар натиҷаи санҷиши маводҳои оид ба ҳолати мазкур, бинобар субъекти ҷиноят набудани ноболиғон, нисбат ба Очилдиев Суннатуллои 13- солаву 9-моҳа, Шарипов Юсуфҷони 10-солаву 10-моҳа ва Алиев Фаррух (9 солаву 10 моҳа) қарори рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қабул гардидааст.
– 28-уми июни соли 2019 комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ қарор қабул кардааст, ки Шарипов Ю. ва Алиев Ф. дар мактаби махсуси шаҳри Душанбе барои хонандагони душвортарбия ҷойгир карда шуда, Очилдиев С. бошад, дар Муассисаи давлатии бемориҳои равонии кӯдакон ва наврасон мавриди табобат фаро гирифт шудааст. Маводи қарори кабулшуда аз ҷониби Раёсат мавриди омӯзиш қарор дода шуд ва бинобар ҷой доштани камбудиҳои ҷузъӣ қарор бекор карда шуда, барои аз нав дида баромадани он ба Прокуратураи ноҳияи Сино ирсол карда шуд, – гуфт Камолзода.
Мавсуф ҳамчунин, гуфт, Очилдиев Суннатулло аз соли 2013 инҷониб дар Муассисаи давлатии бемориҳои равонии кӯдакон ва наврасон ба қайд гирифта шуда будааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан модари Суннатулло Очилдиеви гумонбар дар оташ задани Осияи 6-сола дар суҳбат гуфт, ки мехост писарашро масъулини ноҳияи Рӯдакӣ аз ташхис гузаронда, дар муассисаи махсус ба табобат фаро гирад, аммо масъулин рад кардаанд.
Тибқи омори Прокуратураи генералӣ, дар ним соли аввали соли равон аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 386 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 169 ҷиноят кам будааст.