Хадамоти миллии кашфи Куриёи Ҷанубӣ (NIS) эълон кард, ки Куриёи Шимолӣ ба фиристодани сарбозони худ ба пойгоҳҳои низомии Русия дар Ховари Дур, ки шояд дар низои Укроин ширкат кунанд, оғоз кардааст.
“Чор киштии десантӣ ва се фрегати Флоти Уқёнуси Ороми Русия амалиёти аввалинро барои интиқоли тақрибан 1500 нируи вижаи Куриёи Шимолӣ аз минтақаи фурудгоҳи Чонгжин Ҳамхунг Мусудан ба Владивосток анҷом доданд. Интизор меравад, ки амалиёти дуюми интиқол ба зудӣ анҷом дода шавад”,гуфта мешавад дар изҳороти NIS.
Бино ба маълумоти хадамоти кашфи Куриёи Ҷанубӣ, низомиёни Куриёи Шимолӣ аллакай дар Владивосток, Уссурийск, Хабаровск ва Благовешенск мустақар шудаанд.
Раисиҷумҳури Укроин Владимир Зеленский рӯзи 17-уми октябр дар нишасти хабарӣ дар Брюссел гуфт, Русия қасд дорад ҳудуди 10 ҳазор сарбозро аз Куриёи Шимолӣ барои ширкат дар амалиёти низомӣ алайҳи Укроин ҷалб кунад.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо хабар медиҳанд, Куриёи Ҷанубӣ мехоҳад як ҳайат аз Хадамоти миллии кашфро ба Укроин фиристад. Гуфта мешавад, агар сарбозони Куриёи Шимолӣ ба дасти нерӯҳои украинӣ асир шаванд, ин ҳайат онҳоро бозпурсӣ хоҳанд кард, ё шаҳодати онҳоро тарҷума мекунанд. Ин ситод ҳамчунин ба Киев дар бораи токтик, доктрин ва амалиёти низомии Куриёи Шимолӣ маълумот медиҳад.