Раиси ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ Олим Самизода дар сӯҳбат ба мо гуфт, нигоҳубини Қалъаи Сарвода ба зиммаи онҳо нест, масъули нигаҳбонии ин ёдгории таърихӣ кормандони КВД Манзили Сарвода мебошанд. 

Иҷрокунандаи вазифаи директори КВД Манзили Сарвода Баҳром Мирзобошиев зимни сӯҳбат зикр кард, ки нигоҳбонии қалъа вазифаи онҳо набуда, танҳо  тоза кардани роҳҳои атрофи пайкараи сарбози гумном, ки дар наздикии қалъа қарор дорад, ба зиммаи онҳост.

Қалъаи Сарвода ёдгории таърихиест, ки дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ ҷойгир аст. Вақте мо аз он дидан кардем, аз бетаваҷҷӯҳии масъулин харобазорро мемонд. Атроф ва дохили деворҳои қалъа пур аз алафу хасу хошок ва партову ифлосиҳо буданд. Ҳатто як овезае, ки ин ёдгориро ба сайёҳон муаррифӣ кунад, вуҷуд надошт.

Комрони Аслон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь