Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин аз шеваи боздошти гумонбарони ҳамла ба Крокус дар Маскав нигаронӣ кард.
“Ҳангоми тафтиши ҳамлаи террористии 22-юми март дар Маскав мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи қонунгузории худро, бахусус дар мавриди эҳтимоли бегуноҳӣ, манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона риоя кунанд», – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин дар Минск зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки «намоиши наворҳои боздошти омилони эҳтимолии амали террористӣ рӯзи 22-юми март дар Маскав бо истифода аз шиканҷа алайҳи онҳо ғайри қобили қабул аст. Нархи эътирофи бо ин роҳ ба даст овардашуда ба ҳама маълум аст».
«Ҷониби Тоҷикистон интизор дорад, ки тафтишоти ҳамлаи террористии рӯзи 22 март дар вилояти Маскав беғаразона ва одилона сурат мегирад. Ҳама – созмондиҳандагон, омилон, шарикон ва фармоишгари ин ҷинояти мудҳиш бояд ҷазо гиранд”, – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласа.