24-уми январ маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия аз боздошт шуданаи назоратчии басти дуюми шуъбаи назорати гузаргоҳи сарҳадии «Дустӣ»и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Ҳидоятов Ҳасан Сафарович хабар дод.

Ба навиштаи агентӣ номбурда барои талаби маблағ аз шаҳрвандон ҳангоми гузаштан аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон маҳкум мешавад. Дар хабар гуфта мешавад, ки гузариш тариқи нуқтаҳои сарҳадӣ ройгон буда, ситонидани маблағ аз шаҳрвандон ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад.

Ҳидоятов Ҳасанро зимни гирифтани маблағ ба ҳаҷми 3000 сомонӣ дар ҷойи кораш, бинои гузаргоҳи сарҳадии “Дустӣ”-и КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, кормандони Агентии мубориза бо коррупсия дастгир карда, маблағи мазкур ҳамчун далел гирифта шудааст.

Ҳидоятов баъди боздошт мувофиқи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз ҷавобгарӣ озод ва авф карда шудааст.

“Оиди ҳолати мазкур нисбати Ҳидоятов Ҳ.С. бо моддаи 319 қисми 1 ва Ҷураев М.К. бо моддаҳои 247 қисми 2 банди “в”, 36 қисми 5-319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бинобар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар пешбурд қатъ карда шуд”, – омадааст дар хабарномаи маркази матбуотии Агентӣ.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь