То рӯзи баргузории интихоботи президентӣ дар ИМА муддати кам боқӣ мондааст. Бар асоси як назарпурсие, ки шабакаи телевизионии CNN анҷом додааст, Ҷозеф Байден дар муқоиса ба Доналд Трамп бештар тарафдор дорад.
– Агар интихобот ҳамин шабу рӯз баргузор гардад, 57 фисади иштироккунандагони ин маъракаи сиёсӣ омодаанд, ба Байден овоз диҳанд. 41 дарсади интихобкунандагон гуфтаанд, овози худро ба Трамп медиҳанд, – хабар додааст телевизиони CNN. – 2 фоиз аз аҳолии Амрико таъкид кардаанд, ки ба ҳеҷ кадом аз номзадҳо овоз намедиҳанд.
Дар ин назарпурсӣ, ки рӯзҳои 1-4-уми октябр гузаронида шудааст, 1205 нафар иштирок кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи президентии ИМА 3-юми ноябр баргузор хоҳад шуд.
Блоки рекламавӣ