14-уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент дар маросими кушодашавии чанд коргоҳ корхона ва муаассисаи таълимӣ ширкат кард ва меҳмони тантанаҳои идонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ин шаҳр буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи “50-солагии Тоҷикистон”-и шаҳри Панҷакент бинои Муассисаи давлатии “Таваллудхонаи шаҳр”-ро ифтитоҳ кард.  Бинои таваллудхонаи шаҳрӣ барои 80 кат пешбинӣ гардида, шароити хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.Иншооти нави тандурустӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо сифати баланд сохта шудааст.

Сипас, дар хиёбони ба номи Рӯдакии шаҳр меҳмонхонаи “Панҷакент плаза”-ро ба истифода доданд. Меҳмонхонаи замонавии “Панҷакент плаза” дар асоси нақшаи генералии шаҳри Панҷакент аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Далер Ҳамроқулов бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати баланди меъмории миллӣ ва унсурҳои шаҳрсозии замони имрӯза сохта шудааст. Мувофиқи лоиҳа бинои меҳмонхонаи навбунёд аз тахҳона ва 6 ошёна иборат буда, 37 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ дорад. Дар меҳмонхонаи навбунёд дар як вақт ба 70 мизоҷ хизмат расонда мешавад.

Дар идома Муассисаи томактабии “Маърифатпарвар”, ки аз тарафи соҳибкор Муаззамхон Ансорӣ сохта шудааст, ифтитоҳ карда шуд. Бино аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2400 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ дар кӯдакистон 400 нафар наврас ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Сипас, бинои маркази табобати дандон, коргоҳи истеҳсоли мебел ва дӯзандагӣ ба истифода дода шуд. Маркази табобати дандон дар ошёнаи якуми иншоот ҷойгир буда, аз ҳуҷраҳои табобатӣ, ортодантия, ортопедия, ҳуҷраи кӯдакона, ҷарроҳӣ, навбатдории шабонарӯзӣ, безараргардонӣ ва дигар ҳуҷраҳо иборат мебошад.

Дар таҳхонаи иншоот коргоҳи дузандагӣ ташкил карда шудааст. 10 дастгоҳ барои фаъолияти кормандон ворид карда шуда, бонувон баъди омӯзиши бахши дӯзандагӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд. Коргоҳи мебелбарории “Рахш” дар доираи амалишавии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд карда шудааст.

Дар идомаи сафар Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Баландии пояи Парчами давлатӣ дар ин гӯшаи диёр 55 метрро ташкил дода, дарозии матои он 14 ва паҳноиаш 7 метр мебошад. Баъд, гулгашти Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ шуд. Муҷассама дар маркази шаҳр дар шафати Парчам ва Нишони давлатӣ қомат афрохта, аз ҷониби ҳайкалтарош Мансур Ҳоҷибоев бо санъати баланд омода гардидааст.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ Нишони давлатӣ ифтитоҳ карда шуд. Баландии нишон 23 ва қутраш 2,5 метрро ташкил дода, таҳкурсии он бо санги хорои ватанӣ оро ёфтааст. Зинапоя ва майдони назди нишони давлатӣ чароғон мебошад.

Роҳбари давлат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47 ба номи “Спитамен”-ро мавриди истифода қарор дод. Бино бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ҶДММ корхонаи муштараки “Зарафшон” бунёд гардида, барои 806 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои мактаб бо харҷи беш аз 9 миллиону 202 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар хиёбони Рӯдакии шаҳр Маркази савдо ва хизматрасонии “Убайдулло” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур аз 9 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои болоии он манзилҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ ҷойгир карда шудааст. Қабати якуми иншоот коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши либоси мактабӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.

Дар ҳамин рӯз, инчунин, Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-ро ки аз рӯи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар охир, Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь